НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ҲАЙЁТИ ЗАНОН

08.09.2021 11:21

 
Истиқлолият дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқ гузошт. Бонувон ҳамчун фарзандони сарзамин, ободгарони марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Яъне, Истиқлолият башинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.
Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, ки ҷомеа низ онро эътироф намояд. Алҳол раванди рушди демократикунонии ҷомеа тақозо дорад, ки дар идоракунӣ ва масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсият гардад.
Ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлолият мушкилоти беҳгардонии шароити занону ҷавондухтарон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дар назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба назар гирифта, барои бозҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии онҳо ва фаъолияташон дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ талош меварзад.
Новобаста аз душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ноустувории амнияту субот, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъолгардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносро анҷом дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд.
Дар ин давра даҳҳо фармоишу қарор ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақому манзалати зан модарро дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарони лаёқатманд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона гардид.
Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки «Дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасонад. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, зеро дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад».
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки мақоми модар ва зан на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ҳифзи Истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург мебошад. Модарон буданд, ки бо ҳисси волои ватандӯстиву миллат дӯстӣ фарзандону оилаҳои худро муттаҳид сохта, барои устувор нигоҳдоштани Истиқлолияти давлатӣ миллӣ бар зидди ҳар гунна гурӯҳҳои мухталиф мубориза бурданд.

МУОВИНИ РАИСИ НОЊИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
ШАРИФЗОДА НАРГИС ДОСТӢ