30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

08.09.2021 12:00

 
Санаи 6 сентябри соли 2021 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ва намоиши дастовардҳои миллӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар баргузории чорабинии идона Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Раҳимзода Толиб Карим, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф, саноату иқтисод ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд.
Пас аз намоиши дастовардҳо дар амфитеатри муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Раҳимзода Толиб Карим ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Сипас маросими қадрдонии як қатор кормандони Дастгоҳи Раиси ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, онҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокими давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пас аз қадрдонӣ, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки сарояндагони шинохта бахшида ба таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор карда шуд.