Таҷлили рӯзи забони давлатӣ

06.10.2021 10:37

 

5 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи устод Рўдакӣ бо иштироки устодони санъат, бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода А.Ф, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ҳамаи директорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд. Чорабинии фарҳангию фароғатии мазкур боиси хушҳолии меҳмонони ҳузурдошта гардид.