Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “забон ҳастии миллат”

07.10.2021 14:53

 

5-октябри соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МТМУ №44-и ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муасисаҳо, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забон ҳастии миллат” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар рафти баргузории конференсия муовини Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Мухсумзод ва муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуд.