Таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

08.11.2021 08:42

 
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирок доштанд, муовини якуми Раиси ноҳия Сафарзода Шарифхон, Сангинзода Ғайрат – Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини якуми пурокурори ноҳия Кароматуллои Исматулло, Сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия Сафаров Манучеҳр, муовини сардори ШВКД Ботуров Ёрмаҳмад, кормандони мақомот, омӯзгорон ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштан.
Дар рафти баргузори ин чорабинӣ муовини якуми Раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Шарифхон табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомониро ба тамоми нафарони дар толор ҳузурдошта, ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва пирӯзиву хонаободӣ орзу намуданд.