ҶАМЪБАСТИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ КОРХОНАВУ ИДОРАҲО ВА ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

10.11.2021 17:51

 

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни корхонаву идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо футболи хурд ташкил ва баргузор карда шуд.
Футболи мазкур ду моҳ давом карда, имрўз маросими ҷамъбастии он баргузор гардид, ки дар ҷамъбастӣ он муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис Достӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия - Маҳмудзода Нусратулло Пулод ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – Шаҳобов Сайалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷойи якум – шабакаҳои барқ, ҷойи дуюм – бахши маориф ва ҷойи сеюм – шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.