ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2021 18:42

 

Ҳозирини гиромӣ!

Ибтидо аз соли 2016 пас аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», ҳамасола санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашн табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ ва дар фаъолияти кориатон комёбиҳо орзу менамоям.
Дар баробари Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон сарваре таъин гардид, ки бо кирдору амалҳои наку тавонист дар як давраи кутоҳ мардуми парешону овораро муттаҳид сохта, сулҳу ваҳдатро дар кишвар пойдор ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии ин абармарди роҳи сиёсат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвару меҳнатдўстамон дар кишвар тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор гардид ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуда, ҳисси ватандўстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзун гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварда, дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд ва дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддиро бо нотарсиву қавииродагии худ қоил кунад.
Ғамхориҳои пайваста ба халқу Ватан барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатар ва қабули қарорҳои таъҷилӣ бо мақсади ҳифзи тартибот ва мудофиаи марзу буми кишвар ўро сазовори маҳбубияти халқ гардонида, дар лаҳзаи тақдирсоз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардида, тақдирашро бо тақдири халқу ватани хеш пайваст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали роҳбари ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили артиши тавоно, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ў тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашудааст. Маҳз тавассути заҳматҳои ў тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ў соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Ў аз рўзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонид ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшишҳои пайвастаи ў дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё гардид ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд.
Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иљҷимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фароҳам оварда, Тоҷикистонро дар давраи соҳибистиқлолӣ ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил дод, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳо, нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ бунёд гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба баҳои баландтарин - фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шуда, бо ба даст овардани боварии халқ ва маъво гирифтан дили он ба ў унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дода шудааст.
Аз ин хотир, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандўстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Ман бо эътимоди комил имрўз гуфта метавонам, ки сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахусус ҷавонони бо ору номуси ноҳия бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Дар охир бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрўз дар Ватани азизамон пойдор аст, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва саодати рўзгорро ба ҳар яки Шумо орзу менамоям.

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муборак бошад!