БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛЛАИ АЗИЗБЕКОВАИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

22.11.2021 08:15

 

Санаи 19 ноябри соли 2021 дар доираи Нақшаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» миёни ҷавонон ва шаҳрвандони маҳаллаи Азизбековаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар баргузории мулоқоту вохуриҳои мазкур Сангинзода Ғайрат - Раиси суд, Аминзода Манижабону - мудири Бахши кор бо занон ва оила, Ғафорзода Юсуф - мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ҳамрози Ҳамза - мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Кенҷаев А. - эмомхатиб, Ашуров Афзалшо - мутахассиси пешбари Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Мусоев Сино - мутахассиси пешбари Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баргузории хониши сиёсии мазкур зиёда аз 30 нафар ҷавонон ва сокинон иштирок намуданд.