ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.11.2021 14:38

 

Ҳозирини гиромӣ!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, дўстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумўи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҳидоят карда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳама сола санаи 24-уми ноябр дар саросари кишвар Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ ва дар фаъолияти кориатон комёбиҳо орзу менамоям.
Бояд ёдовар аз он шуд, ки 29 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардида буд.
Он замон вакилони мардумӣ бо дарки аҳамият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатииҶумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.
Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.
Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатӣ дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои табрикиашон ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ баён доштанд, эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватандўст нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд ва халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса гузошта, ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.
Ин аст, ки ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дошта, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад ва дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе идомаи анъанаи қадимаи парчамдории халқи тоҷик аст.
Инчунин, эҳтироми Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси ватандориву ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи тоҷикро собит месозад, ки дар он рўҳи ниёгони некноми мо, далериву матонат ва орзуву омоли халқи куҳанбунёдамон инъикос гардидааст.
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз карда, рўҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем.
Боварии комил дорам, ки кулли сокинони шаҳри Душанбе бахусус ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ баҳри ободию шукуфоии ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрўз дар Ватани азизамон пойдор аст, бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу сарбаландӣ, файзу баракат ва саодати рўзгорро таманно карда, орзу менамоям, ки дар кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ, пойдор бошад.

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборак бошад!