Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонӣ

29.11.2021 07:39

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил ва гузаронида мешавад. Санаи 27 ноябри соли 2021 дар маҳаллаи Ҳабибулло Назаров, кӯчаи Шероз шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ, Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, муовини раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, фаъолона иштирок намуданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 120 адад ниҳолҳои санавбарг, 250 мажавелник ва ҳамагӣ 370 ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд.