Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун элон менамояд.

04.08.2021 15:44

 
Р/т Номгўи мансаби холӣ Шумораи ҷой Маоши мансабӣ (сомонӣ)
1 Мудири бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳия 1, 1246,20
2 Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия 1, 924,60
3 Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1, 924,60

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;
-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
-маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби категорияи маъмурии:
1.Мудири бахш - категорияи чорум: таҳсилоти олии касби, ихтисос ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнати;
-дониш ва малакаи роҳбар, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
2.Мутахассиси пешбар - категорияи шашум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҳроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.