ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САМӢ ШАРИФ ҲАМИД БАХШИДА БА РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН.

11.08.2021 08:24

 
Муҳтарам варзишгарон,
устодону собиқадорони соҳаи варзиш.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо «Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон» ва 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар кишвари азизамон таҷлил карда мешавад.
Ба миллати сарбаланду меҳнатқарину ватандӯст муйясар гардид, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 30 – соли Соҳибистиқлолии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Дар даврони 30 – соли Соҳибистиқлолӣ варзишгарони саодатманди Ватан тавонистанд, мавқеъ ва манзалати миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба камол расонидани варзишгарони ватандӯсту хештаншинос барномаю нақшаҳои зиёдро рӯй кор овардааст, ки он дар тарбия намудани насли ҷавони боғайрату ҷасур ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта, нақши муҳим гузошта истодааст.
Мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Боиси ифтихораст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар гардида, дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ афзуда истодааст.
Бори дигар ба Шумо парчамбардорон ва муаррифгарони миллат - Рӯзи варзишгарони Тоҷикистонро муборакбод мегӯям.