Боронзода Давлатманд Боймаҳмат - Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

2 марти соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона), соли 2015 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусравро (ғоибона) ва соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.


Солҳои 1998-2003 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,
Соли 2005 (моҳҳои 02-05) Технологи ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2005-2006 Сармуҳосиби бюрои баҳисобгирии хоҷаги-гардонидашудаи лоиҳакашию банақшагирии назди бахши сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2006-2007 Мудири бахши ислоҳоти иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2007-2009 Мудири бахши меҳнати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2009-2011Мудири бахши иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2011-2012 Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2012-2013 Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси бахши баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотии нозироти андоз дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Соли 2013 (моҳҳои 04-09) Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2013-2016 Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ. Балхӣ,
Солҳои 2016-2017 Мудири бахши омори шаҳри Нораки Сарраёсати Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,
Солҳои 2017-2018 Сардори шуъбаи омори ноҳияи Дӯстии Сарраёсати Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,
Солҳои 2018-2021 Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ,
Солҳои 2021-2023 Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
аз 30 июни соли 2023 Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, таъин шудааст.

Вазъи оилави: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.