Эълони нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

03.04.2021 13:34

 
ЭЪЛОН: Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729, санаи 18 феврали соли 2021 соати 10:00 дар толори баргузории нишастҳои матбуотии Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе, нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2020 баргузор мегардад.

Ташрифи намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, интизорем.

Телефон барои маълумот: 221-45-14