Конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Бонувони даврони Истиқлол”

29.09.2021 13:42

 

Санаи 28 сентябри соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони "Бонувони даврони Истиқлол" баргузор шуд. Дар кори он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ширкат варзиданд. Дар кори Конференсия иштирокчиёни он вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши бонувон дар ҳаёти имрӯзаи сиёсиву фарҳангии мамлакат ёдовар шуданд. Ҳамзамон намояндагон оид ба дигар паҳлуҳои ҳаёти осоиштаи занону бонувон ҳарф заданд.