Фестивали “Оши палав” дар шаршараи Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ”-и пойтахт

30.10.2021 16:11

 

Бо мақсади муаррифии фарҳанги дастурхонороӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаршараи Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ”-и пойтахт фестивали “Оши палав” баргузор гардид, дар муаррифии фарҳанги дастурхонороӣ дар байни чаҳор ноҳияи ҳудуди шаҳри Душанбе мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи якумро ишғол намуд ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сипоснома ва диплом қадрдонӣ карда шуд.
Дар ин фестивал Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон ва раисони дагар ноҳияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Баргузори намудани фестивали “Оши палав” дар шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт нақши муҳим гузошта, дар баробари ин ҷиҳати ҳифзу арҷгузорӣ ва муаррифии санъати ошпазии мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад.