ТАБРИКОТИ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 27 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2021 08:19

 

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои идона, ки мо 27-умин солгарди рўзи қабули бахтномаи миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми ноҳияро табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва саодати рўзгорро орзу менамоям.
Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рўйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рўҳбаландии хосса таҷлил мегардад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанўз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Бисту ҳафт соли амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгарӣ мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Гузашти солшҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст нишон дода, ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи қабули Конститутсия, ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд медиҳад.
Бо қабули Конститутсия мардумони Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй доданд ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб карданд, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ замина гузошт .
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрию сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали мустақими онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият эълон гардид.
Бо вуҷуди он, ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфўз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд.
Қобили зикри махсус аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд. Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини бунёдиҷомеаи навин ба шумор рафта, эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад.
Аз ин хотир ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кўшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 27-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ ва пирўзиву хонаободӣ орзу мекунам.

Саломату сарбаланд бошед!