Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон»

29.11.2021 10:49

 

Санаи 15-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Литсейи - №3 барои хонандагони болаёқат бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии ҷавонон» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори Конференсия роҳбариятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кумитаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони сиёсӣ, омўзгорон ва донишўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Конференсияро Самӣ Шариф Ҳамид – Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, аҳли Раёсат ва иштирокчиёнро бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар корҳояшон бурдбориҳоро таманно намуданд.
Сипас Қосим Роҳбар – Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мусоева Рафиқа Ғаниевна – ходими давлатӣ, собиқ вакил, Раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хизматҳои шоён ва саҳми арзишманд гузоштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки замоне номвар ва номбардори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рўзҳои даҳшатборро ба сар мебурд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шўрои Олӣ будан, аввалин сухане, ки бар мардуми тоҷик карданд «Ман ба Шумо сулҳ меоварам, Мо ҳама бояд ёру бародар бошем», Роҳбари давлат ба ин суханҳои неки худ, истода ба мардуми тоҷик сулҳро пойдор намуданд.
Ҳамин мардонагиву зиракии сарвари давлат тавонист, ки истиқлолияти давлатии мо тоҷикистониёнро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст.
Кишвари мо таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонид.
Ҷавонони кишвар имрўз ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, аз раванди илму техника ва технологияҳо, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошанд, ҳамаҷониба истифода менамоянд.