МОДАР САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ҶОМЕА
04.03.2026 10:31

Санаи 3 марти соли 2026, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ходимони сиёсӣ, собиқадорони меҳнат, занону духтарони фаъоли соҳаҳои гуногун, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолзанони ноҳия дар фазои идона иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб ҳозиринро ба муносибати 8-уми март Рӯзи Модарон самимона табрик намуда, зикр намуданд, ки занону модарон ҳамчун чароғи хонадон ва тарбиятгари насли ояндасози ҷомеа дар рушду пешрафти давлат нақши калидӣ дорад.
Қайд гардид, ки миллати фарҳангпарвари тоҷик дар тӯли таърих суннатҳои волои оиладорӣ, эҳтироми зан ва тарбияи фарзандро пос дошта, ин арзишҳо имрӯз низ ҳамчун пояи устувори ҷомеаи муосир хизмат менамоянд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ дар меҳварии сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони саршиноси кишвар доир гардида, суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Зан-Модар ва ватандӯстӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.