БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

27.04.2026 09:13

 
Санаи 23 апрели соли 2026, дар толори МТМУ №12 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷалби доираи васеи дӯстдорони адабиёти классикӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар даври мазкур зиёда аз 250 нафар довталабон аз ҳисоби хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, маҳорати суханварӣ, қироати порчаҳо аз «Шоҳнома» ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии худро муаррифӣ намуданд. Баромади иштирокчиён аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди арзёбӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа Манижабону Аминзода зимни суханронии худ иштирокчиёнро ба муносибати баргузории даври ноҳиявии озмун табрик намуда, зикр карданд, ки ин иқдоми фарҳангӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Қайд гардид, ки ҳадафи асосии озмун арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин тарбияи маънавии насли наврас мебошад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҳамасола бо мақсади эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ, ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон ба мутолиаи осори классикӣ ва рушди завқи суханварӣ баргузор гардида, бо шукуҳу шаҳомати хос доир мегардад.