БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ РЕҶАИ КОРӢ МИЁНИ СОҲИБКОРОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
27.04.2026 09:20

Санаи 24 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Ҷ. Қ. ва намояндагони Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2026, №314 “Дар бораи муқаррарсозӣ ва мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ”, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни соҳибкорони ҳудуди ноҳия суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки риояи қатъии реҷаи муқарраршудаи корӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои сокинон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ба масъулин ва соҳибкорон ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи қарор, ба роҳ мондани назорати доимӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ ба таври мунтазам идома меёбанд.