НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ — ҒОЛИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

28.04.2026 07:16

 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Тибқи натиҷагирии Комиссияи ҷумҳуриявии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» барои соли 2026 бо нишон додани завқи баланди фарҳанги зебоипарастӣ ва саҳми арзанда дар ободониву кабудизоркунӣ дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори дипломи дараҷаи якум қадрдонӣ карда шуд.
Ин дастоварди назаррас натиҷаи фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои марбута ва сокинони фаъоли ноҳия буда, бозгӯи таваҷҷуҳи хоса ба рушди муҳити зист, зебоии шаҳр ва тарғиби фарҳанги миллӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи сокинон ва фаъолонро ба муносибати ин пирӯзӣ табрик намуда, барои саҳми арзандаашон дар ободонии ноҳия изҳори сипос баён менамояд.