БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҲАҶРАВАНДАГОН
06.05.2026 08:34

Санаи 2 майи соли 2026, дар доираи Нақшаи кории Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва иҷрои нақшаи кории бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо ҳаҷравандагони мавсими 2026 ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот бо ҳаҷравандагон аз ҷониби масъулин ҷиҳати таъмини риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” алалхусус талаботи моддаи 13 – и қонуни болозикр, оид ба пешгирии маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, гусел ва пешвози ҳоҷиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Инчунин, вобаста ба расонидани амалҳои хайру савоб, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу кӯчаҳои маҳали зист, расонидани кӯмаку ғамхориҳои иҷтимоӣ ба шахсони яккаву танҳо аз ҷониби ҳоҷиён ва дигар масъалаҳои ҷорӣ сӯҳбат анҷом дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот масъулин ба саволҳои иштирокчиён посух дода, ба онҳо сафари бобарор ва адои ибодатҳои нек орзу намуданд.