ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР МАҲАЛ

06.05.2026 11:27

 
Санаи 4 майи соли 2026, дар толори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе, дар доираи татбиқи нақшаи баргузории сӯҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, бо сокинони маҳаллаи КВД «Манзилхизматрасон»-и №4, Заргар -и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шоҳиён Абдураҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Манижабону Аминзода - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Амирбекзода Назира - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба сокинон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе низ идома хоҳад ёфт.