БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
07.05.2026 14:56

Санаи 5 майи соли 2026, Пеш аз оғози ҷаласа, дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аксияи иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид.
Дар доираи ин аксия ба сокинон ва иштирокчиён маводҳои фаҳмондадиҳӣ тақсим гардида, оид ба хатари савдои одамон, роҳҳои пешгирии он ва зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Сипас, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид.
Ҷаласа дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2027» доир гардида, раванди иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раҳмонзода Хуршед иштирок намуданд.
«Зикр гардид, ки дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, инчунин қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Комиссияи байниидоравии ноҳиявӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шуда, ҳайати он тибқи тартиби муқарраргардида ба тасвиб расидааст.»
Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории муассир байни сохторҳои дахлдор, татбиқи пурраи нақшаи чорабиниҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии хавфҳои марбут ба савдои одамон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки татбиқи босамари Нақшаи миллии солҳои 2025–2027 на танҳо ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти масъулро тақозо менамояд, балки тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳим дар раванди муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар назар дорад.