ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08.05.2026 07:03

 
Санаи 5 майи соли 2026, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, бо иштироки Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои Нақша - чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Раҳимзода Толиб Карим ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бо мақсади омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни милии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 ҷой (дар як баст), воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Аҳрорӣ, “Маркази муосири варзишӣ – саломатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Аҳрорӣ, сохтмони меҳмонхонаи бисёрошиёнаи замонавӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Аҳрорӣ, меҳмонхонаи бисёрошиёнаи замонавӣ, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ 81 ва Муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 ҷой, воқеъ дар гузаргоҳҳои 1-ум ва 2-юми кӯчаи Ш. Руставелӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди боздид қарор дода шуданд.
Зимнан, дар рафти боздид ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сатҳи омодагии иншоотҳо дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.