БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МИЁНИ ХОНАНДАГОН
08.05.2026 07:12

Санаи 7 майи соли 2026, бо мақсади иҷрои банди 3-и нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2026, №57 «Оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов” соати тарбиявӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар мавзуъҳои «Шуҷоат» ва «Мардонагӣ» доир гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои ниёгон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи далерӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Дар рафти соати тарбиявӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва омӯзгорон доир ба мафҳум ва аҳаммияти шуҷоат ва мардонагӣ дар зиндагии ҳар як шаҳрванд, хусусан дар тарбияи ҷавонон, суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ин арзишҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон зикр намуданд, ки таҷлили Рӯзи Ғалаба на танҳо ёдбуди қаҳрамониҳои гузаштагон аст, балки воситаи муҳими тарбиявӣ барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмат дар роҳи ҳифзи Ватан мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, саволу ҷавоб доир ба мавзуъҳои матраҳшуда баргузор гардид.