ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 81-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

08.05.2026 14:28

 
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сокинони гиромии ноҳияи Исмоили Сомонӣ!
Бо эҳтирому арҷгузории хоса Шуморо ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм самимона табрик менамоям.
Рӯзи Ғалаба аз ҷумлаи санаҳои бузурги таърихӣ ба шумор меравад, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи он дар қалби мардум боз ҳам бештар мегардад. Ин рӯзи муқаддас рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва фидокориҳои бемисли халқҳо дар роҳи ҳифзи сулҳу озодӣ мебошад.
Дар солҳои мудҳиши ҷанг ҳазорон фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон барои ҳимояи Ватан ва озодии инсоният ба майдони набард сафарбар гардида, бо қаҳрамонӣ ва ҷоннисорӣ дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштанд. Дар баробари онҳо сокинони ақибгоҳ — занон, пиронсолон ва наврасон — бо меҳнати шабонарӯзӣ ҷабҳаро бо маводи зарурӣ таъмин намуда, барои наздик гардидани рӯзи пирӯзӣ хизматҳои шоиста анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки пос доштани хотираи қаҳрамонони ҷанг ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Мо имрӯз бо эҳтироми амиқ хотираи онҳое, ки барои озодиву сулҳ ҷони худро нисор карданд, гиромӣ медорем ва хизматҳои собиқадоронеро, ки баъди ҷанг низ барои ободии кишвар саҳм гузоштанд, қадршиносӣ менамоем.
Ҷасорату иродаи насли пирӯзманд барои ҷавонони имрӯз мактаби бузурги ватандӯстӣ, садоқат ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан идомаи ҳамон роҳи пуршарафест, ки падарону бобоёни мо барои он мубориза бурдаанд.
Дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, сулҳу оромӣ, файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.
Рӯзи Ғалаба муборак бошад, ҳамватанони азиз!