Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон

10.08.2021 16:19

 
Санаи 10 августи соли 2021 бо дасгирии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон айёдати собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгароне, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ парафшон намудаанд, доир гардид.
Дар рафти айёдати собиқадорон ва варзишгарон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.